Дар Тошканд Форуми дуюми байналмилалии энергетикии Ӯзбекистон баргузор мешавад

    Энергетика 10 May 2023 1673

    Аз 18 то 20 майи соли 2023 Форуми дуюми байналмилалии энергетикии Ӯзбекистон дар Тошканд баргузор мешавад. Ташкилкунанда ширкати байналмилалии намоишгоҳҳои Iteca Exhibitions ва шарикони он ICA Eurasia Group ва Congresses of Central Asia - CCA бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад.

    Форум чорабиниҳои зеринро пешбинӣ мекунад:

    Намоишгоҳ ва конфронси байналмилалии 25-умин юбилеии «Нефт ва гази Ӯзбекистон - OGU 2023»;

    16-умин Намоишгоҳи байналмилалии «Энергия, сарфаи энергия, энергияи атомӣ, манбаъҳои алтернативии энергия - Power Uzbekistan 2023»;

    Бахши махсуси технологияҳои сарфаи энергияи сабз - "GETCA 2023";

    Конфронси 3-юми байналмилалии энергетикии Ӯзбекистон.

    Бино ба иттилои маркази матбуотии вазорати энергетика, баргузории чорабиниҳои ҳамоиш чун анъана бо шиносоӣ бо технология ва таҷҳизоти пешрафта, роҳандозии робитаҳои корӣ ва табодули таҷриба миёни ширкатҳои ватаниву хориҷӣ ба рушди соҳа мусоидат мекунанд.

    Дар доираи конфронсҳо дар назар аст, ки мавзӯъҳои мубрами соҳа бо иштироки намояндагони ширкатҳои хориҷӣ ва ватанӣ ва ҷомеаи байналмилалии коршиносон баррасӣ шаванд.

    Дар стендҳои намоишӣ намунаҳои таҷҳизоти замонавӣ, масолеҳи саноатӣ, ашёи хом ва хизматрасонӣ, аз ҷумла барои маҳаллисозӣ пешбинӣ шудаанд.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates