Агентии ахбор ва коммуникатсияи оммавии назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дӯстдорони китоб, китобхонон, ноширон ва кормандони табъу нашр, мутахассисони соҳаи ахбору китобхонаро ба Ҳафтаи анъанавии XI миллии ахбору китобхонаи “INFOLIB–2022”, ки аз 31 октябр то 4 ноябр дар Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ва дар тамоми марказҳои ахбору китобхонаи кишвар баргузор мегардад, инчунин ба Намоишгоҳ-ярмаркаи III байналмилалии китобҳои Тошканд «Tashkent Book Fest», ки дар маҷмӯи «ЎЗЭКСПОМАРКАЗ»-и пойтахт аз 2 то 4 ноябр таҳти шиори умумимиллии «Миллати китобхон!» намоиш дода мешавад, даъват менамояд.