Дар Тошканд ҷамъомади вазирони саноати кишварҳои узви СҲШ ва ИДМ баргузор мешавад

    Воқеаҳо 14 Iyul 2022 843

    15 июли соли 2022 дар Тошканд таҳти раёсати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷамъомади вазирони саноати кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва ҷаласаи VIII Шӯрои сиёсати саноатии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) барпо мегардад.

    Дар чорабинӣ вазирони саноати Ҳиндустон, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон, муовинони вазирони дахлдори Қазоқистон, Русия, Чин, Белорус, Дабири кулли СҲШ Чжан Мин, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Илҳомҷон Неъматов, инчунин, намояндагони доираҳои тиҷоратии Русия ва Қазоқистон иштирок мекунанд.

    Иштирокчиёни вохӯрӣ масъалаҳои таҳкими минбаъда ва густариши ҳамкориҳо дар доираи ин созмонҳои бисёрҷонибаро ба манфиати рушди саноат, таъмини афзоиши устувори истеҳсолоти саноатӣ дар заминаи кооператсия, татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои нав, ҷалби захираҳои моддӣ ва молиявӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат ва диверсификатсияи маҳсулоти саноат баррасӣ хоҳанд кард.

    Тасдиқи як зумра санадҳои муҳиме, ки ба рушди саноати кишварҳои СҲШ ва ИДМ нигаронида шудаанд, дар назар аст.

    Аз ҷумла, вазирони кишварҳои узви Созмони Шанхай лоиҳаи Барномаи ҳавасмандгардонии ҳамкориҳои саноатӣ байни доираҳои тиҷоратии кишварҳои СҲШ-ро, ки баъдан барои тасвиб дар ҳамоиши самарқандии Созмон пешниҳод мешаванд, тасдиқ хоҳанд кард.

    Интизор меравад, ки санади мушобеҳ дар ҷамъомади вазирони саноати кишварҳои узви ИДМ ба тасвиб мерасад, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates