Ташкилкунандагони чорабинӣ Китобхонаи давлатии ҷамъиятии илмию техникии шӯъбаи сибирии Академияи илмҳои Русия (КДҶИТ АИР), Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ, Клуби коршиносони Сибир-Евросиё мебошанд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ.
Муҳимияти баргузории суҳбати “миди мудаввар” бо пурзӯргардонии равобити байналмилалӣ дар соҳаҳои илмӣ ва фарҳангӣ, фаъолсозии ҳамкории мактабҳои олӣ ва донишкадаҳои академикии тадқиқотии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Федератсияи Русия марбут аст. Гуногунии шаклҳои ин гуна алоқа воситаҳои нави алоқаро талаб мекунад.Дар ин бобат забони русӣ, ки як воситаи муҳими муошират дар фазои пасошӯравӣ боқӣ мемонад, нақши муҳим дорад.
Дар рафти суҳбати «мизи мудаввар» чунин масъалаҳо, аз қабили лоиҳаҳои муштарак оид ба ҳифзи мероси фарҳангии рус дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон; омузиши маҷмӯъаҳои адабиёти русзабон дар китобхонаҳо ва архивҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон; ҷорӣ намудани барномаҳои инноватсионии таълимӣ; мусоидат ба маърифатнокӣ; мубодилаи байнисарҳадии адабиёти таълимӣ ва илмӣ баррасӣ шуданд.