Дар Тошканд ҷаласаи чоруми вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии кишварҳои узви СҲШ баргузор мешавад

    Бехатарӣ 15 Avgust 2022 883

    Дар доираи раёсати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Созмони ҳамкории Шанхай 17-18 августи соли равон дар шаҳри Тошканд баргузор намудани ҷаласаи чоруми вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии кишварҳои узви СҲШ дар назар аст.

    Дар он ҳайатҳои вазоратҳои корҳои дохилӣ ва бехатарии ҷамъиятии кишварҳои узви СҲШ, кишварҳои нозири СҲШ ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ИНТЕРПОЛ, Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ, Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил ва дигар амудҳои хатарноки ҷиноятҳо дар ҳудуди давлатҳои аъзои ИДМ ва Маркази зиддитеррористии ИДМ ширкат мекунанд.

    Бино ба иттилои хидмати матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дар рӯзномаи ҷаласа баррасии масъалаҳои амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, муқовимат ба терроризм, экстремизм ва сепаратизм, мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва ғайра дар назар аст.

    Дар доираи чорабинӣ ҳамчунин мулоқотҳои дуҷониба бо сарони ҳайатҳо барои баррасии масъалаҳои беҳбуди ҳамкориҳои байналмилалӣ ба нақша гирифта шудааст.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates