Дар Тошканд бозии зеҳнии “Заковат” барои Ҷоми СҲШ баргузор шуд

    Насли оянда 29 Noyabr 2022 965

    Бозии зеҳнии “Заковат” барои дарёфти Ҷоми Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) миёни дастаҳои донишҷӯёни донишгоҳҳои пешрафтаи миллӣ ва филиалҳои мактабҳои олии хориҷӣ дар пойтахт баргузор шуд.

    Дар бозӣ сиёсатшиносони оянда, дипломатҳо, рӯзноманигорон, ҳуқуқшиносон, иқтисоддонҳо, шарқшиносон, омӯзгорон, мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, саноат ва дигар соҳаҳо ширкат доштанд.

    Бозӣ аз ҷониби Маркази дипломатияи мардумии СҲШ дар Ӯзбекистон ва Донишгоҳи иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва дипломатияи Вазорати корҳои хориҷӣ ташкил карда шуд.

    Саволҳои бозӣ дар асоси пешниҳоди донишҷӯён, ки ба фаъолияти Созмони ҳамкориҳои Шанхай таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карданд, тартиб дода шуданд.

    Чорабинӣ барои донишҷӯён таҷрибаи хубе буд, сатҳи огоҳии онҳоро дар бораи СҲШ баланд бардошт ва инчунин барои амиқтар омӯхтани ин сохтори бонуфуз ва кори густурдаи он такон бахшид.

    Дар натиҷаи бозӣ иштирокчиёне, ки ҷойҳои дуюму сеюмро гирифтанд, бо туҳфаҳои қиматбаҳо сарфароз гардонида шуданд. Ба ҳамаи иштирокчиён шаҳодатномаҳои баргузории чорабинӣ ва ба дастаи ғолиб Ҷоми СҲШ «Заковат-2022» супурда шуд, хабар медиҳад АИ «Дунё».

    Дар оянда ин чорабинӣ ҳар сол дар ДИҶД бо дастгирии Маркази дипломатияи мардумии СҲШ дар Ӯзбекистон баргузор карда мешавад.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates