Дар Тошканд конфронси RED Tashkent барои сармоягузорон ва иморатсозон баргузор шуд

    Шаҳришавӣ 10 Mart 2022 1377

    10 март дар меҳмонхонаи “Hampton by Hilton” дар формати субҳонаи тиҷоратӣ конфронси Real Estate Development Conference Tashkent баргузор гардид.

    Модератор Ирода Уринова, роҳбари шуъбаи лоиҳаҳои сармоягузории назди ҳокимияти шаҳри Тошканд конфронсро ифтитоҳ намуда, гуфт: «Ҳадафи мо муаррифии бозигарони бозор ва фароҳам овардани як платформа барои муошират аст. Чунин вохӯриҳо минбаъд мунтазам баргузор мешаванд ва ин имкон медиҳад, ки иштирокчиён мубодилаи афкор намоянд ва бо саъю кӯшиши муштарак мушкилоти умумиро ҳал кунанд».

    Намояндаи O'zLiDeP, соҳибкор Беҳзод Юнусов қайд кард, ки соҳаи сохтмон ҳамеша локомотиви рушди иқтисод буд. Вай мисол овард, ки клубҳои саноатӣ дар кишварҳои пешрафта ба сармоягузорон ва иморатсозон дар ҳалли мушкилоти худ кумак мекунанд.

    Дар конфронс дар бораи ҷудо кардани замин тавассути музоядаҳо, бартариҳои узвият ба Анҷумани созандагони Ӯзбекистон ва мушкилоте, ки ширкатҳои меъморӣ рӯ ба рӯ мегарданд, маърӯзаҳо шунида шуданд. Нотиқон лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи рушди шаҳрсозӣ дар шаҳри Тошкандро муаррифӣ намуда, дар бораи мутобиқгардонии меъёрҳои байналмилалии сохтмонӣ дар Ӯзбекистон сухан гуфтанд.

    Суханрониҳои маърӯзачиён аз ҷониби иштирокчиён вокунишҳои ҷолиб пайдо карда, ба хотири риояи регламент қисме аз саволҳо ба шакли мустақими иртиботӣ, ки пас аз қисми расмӣ идома ёфтанд, гузаронида шуданд. Иштирокдорон аз манфиат холӣ набудани ин гуна мулоқотҳоро таъкид намуда, изҳори боварӣ карданд, ки онҳо ба таври мунтазам ташкил карда мешаванд, хабар медиҳад хидмати матбуоти ҳокимияти Тошканд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates