Дар чорабинӣ Сарвазир, вазири корҳои хориҷии Қатар Шайх Муҳаммад бин Абдулраҳмон Ол Сонӣ, вазирони корҳои хориҷии Қирғизистон Ҷээнбек Кулубоев, Тоҷикистон – Сироҷиддин Муҳриддин, Туркманистон – Рашид Мередов, Баҳрайн – Абдуллатиф бин Рашид Ал-Заянӣ, Кувайт – Абдуллоҳ ал-Яҳё, Уммон - Бадр Албусайдӣ, Арабистони Саудӣ - Шоҳзода Файсал бин Фарҳон Ол Сауд, Озарбойҷон - Ҷейҳун Байрамов (меҳмони фахрӣ), вазири давлатии Қатар Султон бин Саад Ал Мурайҳӣ, Намояндаи махсуси Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба Осиёи Марказӣ, вазири энергетика ва инфрасохтор Суҳайл ал-Мазруӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Алибек Бақоев, инчунин Дабири кулли Шӯрои ҳамкории кишварҳои давлатҳои арабии Халиҷи Форс (GCC) Ҷасем Муҳаммад ал-Будайвӣ иштирок доштанд.
Иштирокчиёни чорабинӣ масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва ҳамаҷонибаи ду минтақаро дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, нақлиёту коммуникатсия, фарҳангу гуманитарӣ, экологӣ ва сайёҳӣ баррасӣ намуданд.
Раванди иҷрои тавофуқоти дар чаҳорчӯби нишасти аввали сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ШҲДАХФ, ки 19 июли соли 2023 дар Ҷидда баргузор гардид, инчунин “Нақшаи амалиёти муштарак оид ба муколамаи стратегӣ ва ҳамкории байни кишварҳои Кишварҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои ШҲДАХФ барои солҳои 2023-2027” баррасӣ шуд.
Доир ба ҷанбаҳои кунунии рӯзномаи байналмиллалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъи Афғонистон ва вазъи кунунии Ховари Миёна табодули афкор сурат гирифт.
Ба масъалаҳои марбут ба баргузории Саммити навбатӣ дар формати «Осиёи Марказӣ – ШҲДАХФ» дар Самарқанд дар соли 2025 таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.
Мулоқоти сеюми сарони ниҳодҳои умури хориҷии ин формат соли 2026 дар Кувайт баргузор мешавад.
Бинобар натиҷаи мулоқот Изҳороти муштарак қабул гардид, хабар медиҳад хидмати матбуоти ВКХ Ҷумҳурии Ўзбекистон.