Дар Тошканд машваратҳои байни ВКХ доир ба масъалаҳои ҳуқуқии фаъолияти СҲШ баргузор шуданд

    18-19 январи соли ҷорӣ дар пойгоҳи Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай (СМЗТ СҲШ) дар шаҳри Тошканд таҳти раёсати ҷониби Ӯзбекистон машваратҳои байни ВКХ доир ба масъалаҳои ҳуқуқии фаъолияти ташкилот баргузор гардиданд.

    Дар доираи чорабинӣ ҷонибҳо оид ба ҳуҷҷатҳои бунёдии созмон, ҳамкориҳо бо нозирон, инчунин ташкили пойгоҳи электронии иттилооти ҳуқуқии СҲШ табодули афкор намуданд.

    Дар машваратҳо ҳамчунин лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳо дар бораи қатъи амали баъзе қарорҳои Шӯрои сарони давлатҳо, Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон) ва Шӯрои вазирони кишварҳои узви СҲШ мувофиқа карда шуданд, хабар медиҳад АИ “Дунё”.

    Дар чорабинӣ дар шакли гибридӣ намояндагони хидматҳои ҳуқуқии вазоратҳои корҳои хориҷии Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат варзиданд.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates