Дар Тошканд ҷамъомади сафирони Русия дар кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд

    14 декабр дар Тошканд таҳти раёсати муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия А.Руденко ҷаласаи кории сафирони Федератсияи Русия дар кишварҳои Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон барпо гардид.

    Оид ба татбиқи амалии вазифаҳое, ки Президенти Федератсияи Русия В.Путин дар назди хадамоти дипломатии Русия пас аз ҷаласаи васеи Коллегияи Вазорати корҳои хориҷии Русия 18 ноябри соли 2021 гузоштааст, суҳбати судманд сурат гирифт. Вазъи кунунии минтақа ва таъсири кишварҳои ҳамсоя ва бузурги ғайриминтақавӣ ба он ба таври муфассал таҳлил гардид, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Русия.

    Иштирокчиёни вохӯрӣ натиҷаҳои корро оид ба пешбурди афзалиятҳои сиёсати хориҷии Русия дар доираи шарикии имтиёзноки стратегӣ ва иттифоқӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ карданд. Пайвасти ҷониби Русия ба ҳамкориҳои созанда ва эътимодбахш ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои амният ва субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ қайд гардид. Вазифаҳои мубрами ҳамкорӣ бо шарикон дар “платформаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ”, пеш аз ҳама дар ИДМ, ИИАО, СПАД ва СҲШ баррасӣ шуданд.

    Таваҷҷӯҳ ба имконоти бузурги густариши минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бо кишварҳои минтақа ҷалб карда шуд. Зарурати дастгирии дипломатии лоиҳаҳои дуҷониба дар ин самт, ки барои Русия ва Осиёи Марказӣ аҳамияти бузург доранд, таъкид гардид.

    Бо дарназардошти вазъи кунунии Афғонистон ва дурнамои эҳтимолии рушди он чолишҳо ва таҳдидҳои нав барои кишварҳои минтақа ба таври муфассал баррасӣ шуданд.

    Фаъолияти намояндагиҳои хориҷии Русия дар Осиёи Марказӣ, таъминоти кадрӣ ва моддию техникии онҳо ҳамаҷониба таҳлил шуданд.

    Талабот ба амалияи гузарондани маҷлисҳо дар шакли муайян кайд карда шуд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates