Илова бар ин, доир ба корҳои минбаъда бобати таҳияи сиёсати ҳамаҷониба ва илмӣ асосноки маводи мухаддир ва ҷорӣ намудани усулҳои баландсифати коҳиш додани талабот ба маводи мухаддир дар байни табақаҳои осебпазири аҳолӣ табодули афкор сурат гирифт, хабар медиҳад АИ «Дунё».
Дар чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишварҳои Осиёи Марказӣ, Иттиҳоди Аврупо ва коршиносони масъули татбиқи барнома ширкат варзиданд.
Марҳилаи 7-уми ин барнома ҳоло амалӣ мешавад. Буҷаи барнома 6,8 миллион евроро ташкил медиҳад.