Дар Тошканд ҷаласаи Шӯрои сарони мақомоти муҳоҷирати кишварҳои ИДМ баргузор шуд

    28 сентябри соли 2023 дар Тошканд ҷаласаи навбатии Шӯрои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

    Дар чорабинӣ ҳайатҳои мақомоти муҳоҷирати Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, инчунин Кумитаи иҷроияи ИДМ ва Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ иштирок доштанд. Намояндагони Туркманистон, Комиссияи иқтисодии Авруосиё ва Конфедератсияи умумии иттифоқҳои касаба ба ҳайси нозир даъват шудаанд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ.
    Дар ҷаласа аъзои Шӯрои роҳбарони мақомоти муҳоҷират 14 масъала, аз ҷумла вазъи муҳоҷират дар кишварҳои ИДМ, тағйирот дар қонунгузории миллӣ дар соҳаи муҳоҷират ва амалияи татбиқи ҳуқуқии мақомоти муҳоҷирати кишварҳои иттиҳод, таҷрибаи кори мақомоти салоҳиятдор дар гузаронидани чорабиниҳои муштараки пешгирикунанда, оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва амалиёти махсус оид ба пешгирии муҳоҷирати ғайриқонуниро мавриди муҳокима қарор доданд.

    Аъзои Шӯро равишҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар самти фаъолияти муассисаҳои махсуси нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд баррасӣ намуда, таҳияи лоиҳаи Консепсияи фазои ягонаи муҳоҷирати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва тадбирҳо оид ба татбиқи Изҳороти сарони давлатҳои аъзои ИДМ оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират аз 15 октябри соли 2021, инчунин Нақшаи кори Шӯроро барои соли 2024 тасдиқ намуд.

    Илова бар ин, дар ҷаласа натиҷаҳои таҳлили сохторҳо, вазифаҳо ва функсияҳои мақомоти кишварҳои узви ИДМ, ки дар соҳаи идоракунии равандҳои муҳоҷират салоҳият доранд, баррасӣ гардида, ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо ва таъмини ҳамоҳангсозии фаъолияти онҳо пешниҳодҳо таҳия гардиданд, инчунин табодули таҷриба дар самти истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ аз ҷониби мақомоти муҳоҷирати кишварҳои узви ИДМ ва ҳамкории мутақобила бо воситаҳои ахбори омма оид ба инъикоси фаъолияти расмӣ ва огоҳии ҷомеа сурат гирифт.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates