Дар он сарвари намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Ӯзбекистон Марко Мантованелли, намояндагони созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва як қатор коршиносон аз Олмон, Ҷопон, Сингапур иштирок карданд.
“Мизи мудаввар” аз се қисм иборат буда, дар қисми аввал оид ба таҳияи стратегияи нави рушди соҳибкории хурду миёна дар Ӯзбекистон, аз ҷумла сиёсати иқтисодӣ, фарогирии молиявӣ, муҳити рақобати ба ҷавонон ва занон, соҳибкории рақамӣ ва инноватсионӣ нигарондашуда табодули афкор сурат гирифт.
Дар рафти чорабинӣ таҷрибаҳои ислоҳоти гузаронидашуда, самтҳои муҳими рушди соҳибкории хурду миёна ва баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои молиявӣ баррасӣ гардиданд.
Дар қисми дуюм рушди минбаъдаи бахши маблағгузории хурд, беҳбуди имкониятҳои молиявии соҳибкории хурду миёна, баланд бардоштани нақши ташкилотҳои маблағгузории хурд дар баланд бардоштани фарогирии молиявӣ, натиҷаҳои барномаҳои дастгирии иҷтимоии соҳибкории хурду миёна ва пешомадҳои тиҷоратикунонии онҳо баррасӣ шуданд.
Шарҳи таҳаввулоти ахир, марҳилаи навбатии маблағгузории хурд ва тавсияҳо оид ба беҳтар намудани истифодаи захираҳои молиявӣ барои рушди соҳибкории хурду миёна шунида шуд.
Дар қисми сеюми “мизи мудаввар” муколамаи интерактивӣ бо коршиносони байналмилалӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ сурат гирифт. Дар он андешаи соҳибкорон дар заминаи рушди тиҷорати хурду миёна ва маблағгузории хурд дар Ӯзбекистон шунида ва муттаҳид карда шуд.