Сенати Олий Маҷлиси Ӯзбекистон ва Барномаи рушди СММ бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки таҷдид ва тараққиёти Аврупо созмондиҳандагони анҷуман буданд, хабар медиҳад АИ «Дунё».
Дар он Раиси Сенат Танзила Норбоева, ёвари сармуншии СММ ва директори Идораи минтақавии БРСММ оид ба Аврупо ва ИДМ Миряна Сполярич Эггер, муовини сарпарасти Шӯрои ҳомиёни Фонди дастгирии воситаҳои ахбор Саида Мирзиёева, намояндагони ҳар ду палатаи парлумон, доираҳои ҷамъиятиву сиёсӣ ва сарварони чандин сафорате, ки дар Ӯзбекистон сабти ном гаштаанд, ширкат намуданд.
Ин анҷуман бо мақсади табодули афкор ва таҷрибаи пешқадам оид ба масъалаҳои рушди соҳибкории занон, барқарор намудани робитаҳои бевосита, муайянсозии самтҳои ҳарчи истиқболноки ҳамдастӣ ва роҳандозии ҳамкорӣ ва инчунин шарикии кории байни соҳибкорзанҳои Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон баргузор гардид.
Дар он таъкид ёфт, ки дар тамоми ҷаҳон занон беназирӣ ва ихтироъкории худро собит намуданд, лиҳозо вақте ки сухан дар бобати беҳсозии шароити зиндагии хонаводаҳои онҳо ва ҷамоатҳо ба миён меояд. Некаҳволии мамлакатҳо аз бисёр лиҳоз аз вазъи хуби занон, васеъ намудани ҳуқуқи иқтисодӣ ва имконоти онҳо, хусусан дар соҳибкорӣ вобаста мебошад, ки он инчунин ба таъмини баробарии ҷинсӣ, коҳиши қашшоқӣ, беҳсозии дастрасӣ ба хидматҳои асосӣ мусоидат менамояд.
Бинобар ин иштирокдорони анҷуман ҷонибдори таҳияи роҳҳои босамари татбиқи пурраи потенсиали бунёдкорӣ, соҳибкории занони Осиёи Марказӣ, минбаъд идома додани кӯшиши васеъ намудани имконоти занон ва духтарон дар соҳаи соҳибкорӣ, такомули пойгоҳи қонунгузорӣ ва сиёсати иқтисодӣ бо мақсади рағбатноксозии иштироки занон дар бозори меҳнат, пеш бурдани онҳо дар бахши давлатӣ ва хусусӣ ва ҳамчунин таъмини музди баробар барои меҳнати баробар, решакан намудани нодидагирӣ зимни ба кор қабул намуданро дастгирӣ намуданд.
Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ӯзбекистон Танзила Норбоева дар нутқи худ таъкид кард, ки дар ҷумҳурӣ чандин чорабинӣ дар заминаи баланд бардоштани фаъолнокии занон дар тамоми ҷанбаҳои иқтисодиёт, ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии мамлакат, ба онҳо пешкаш намудани маълумот, таҷрибаи касбӣ ва шуғл, дастгирии минбаъдаи ташаббусҳои соҳибкорӣ андешида мешавад.
– Дар ҷамъомади понздаҳуми умумии Сенати Олий Маҷлиси Ӯзбекистон аъзои Сенат Стратегияро доир ба дастёбӣ ба баробарии ҷинсӣ дар ҷумҳурӣ то соли 2030 қабул намуданд, – гуфт Танзила Норбоева. – Маълум аст, ки дар солҳои охир дар мамлакатамон масъалаи баробарии ҷинсӣ ба дараҷаи сиёсати давлатӣ бардошта шуд. Дар ин соҳа 25 ҳуҷҷати қонунгузорӣ қабул гардид. Таъсис додани Кумитаи масъалаҳои занон ва баробарии ҷинсӣ дар Сенати Олий Маҷлиси ҷумҳурӣ ва комиссия доир ба масъалаҳои таъмини баробарии ҷинсӣ инъикосгари эътибори калоне мебошад, ки дар Ӯзбекистон ба ин самт нигаронда мешавад.
Дар доираи анҷуман ҷамъомадҳо бо иштироки раисони дараҷаи олӣ, намоиши маҳсулоти корхонаҳое, ки сарпарастҳояшон занони соҳибкор мебошанд ва ҳамчунин биржаи кооператсионӣ дар андозаи В2В вохӯрии байни соҳибкорзанони мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон бо мақсади роҳандозии шарикии корӣ ва ҳамкорӣ дар бобати самтҳои мухталифи тиҷорат ба амал омаданд.
Дар поёни анҷумани байналхалқӣ Изҳороти муштараки Гуфтугӯи пешвозанони Осиёи Марказӣ ва «Харитаи роҳ»-и ҳамкорӣ дар ҷанбаи рушди босуботи байни соҳибкорзанони Осиёи Марказӣ ва Афғонистон қабул гардиданд.