Дар Тошканд суҳбати "мизи мудаввар"-и байналмилалӣ оид ба мубориза бар зидди савдои одам ва меҳнати маҷбурӣ баргузор гардид

    Дар Тошканд суҳбати «мизи мудаввар» дар мавзӯи «Тақвияти ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мубориза бар зидди савдои одам ва меҳнати иҷборӣ» баргузор гардид, ки аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявии иттилооти иҷтимоии «Istiqbolli Avlod» дар ҳамкорӣ бо Оҷонсии ИМА оид ба ҳамкории байналмилалӣ (USAID) ташкил карда шуд.

    Дар чорабинӣ кормандони масъули раёсат ва шӯъбаҳои мубориза бар зидди савдои одами Хидмати кофтукови ҷиноии Департаменти кофтукови фаврии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Тошканд ва вилояти Тошканд, вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, сафорати ИМА, ташкилотҳои байналмилалие, ки дар кишвар фаъолият нишон медиҳанд, (Раёсати оид ба маводи мухаддир ва ҷиноятҳои Созмони Милали Муттаҳид, USAID, Winrock International), Вазорати корҳои дохилӣ ва Прокуратураи генералӣ Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Киргизистон, инчунин ташкилотҳои ҷамъиятии ғайридавлатию ғайритиҷоратии ин ҷумҳуриҳо иштирок намуданд.

    Дар суҳбати "мизи мудаввар" бо сухани ифтитоҳӣ муовини сардори Хидмати кофтукови ҷиноии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон — котиби масъули зеркомиссия Н.Раҳимов, мушовири оид Ӯзбекистони сафорати ИМА дар Ӯзбекистон Ҷек Андерсон ва раиси Маркази ҷумҳуриявии иттилооти иҷтимоии «Istiqbolli Avlod» Н.Каримов баромад карданд.

    Илова бар ин, дар чорабинӣ аз ҷониби кормандони масъули Вазорати корҳои дохилӣ ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон, роҳбарияти донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, намояндагони МҶИИ «Istiqbolli Avlod», UNODC оид ба мубориза бар зидди савдои одамон ва қочоқи муҳоҷирон дар Осиёи Марказӣ, Шабакаи байналмилалии мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон ва дигар намудҳои зӯроварӣ (Ҷумҳурии Қирғизистон) ва иттиҳодияи ҷамъиятии «Сана Сезим» (Ҷумҳурии Қазоқистон) нутқ эрод намуданд.

    Намояндагони ҳайатҳои хориҷӣ ба ин чорабинии байналмилалӣ баҳои баланд дода, қайд намуданд, ки Ӯзбекистон дар ин самт дар байни кишварҳои минтақа пешсаф аст.

    Дар рафти мубоҳисаҳо иштирокчиён роҳҳои самараноки ҳамкорӣ дар самти мубориза бо савдои одам ҳам дар сатҳи миллӣ ва ҳам байналмилалӣ баррасӣ намуданд. Дар натиҷаи мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати густариши ҳамкорӣ дар самти мубориза бо савдои одам кӯшишҳои бештар ба харҷ диҳанд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Департаменти тафтишотии фаврии ВКД.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates