Ҳайатҳои ҷонибҳоро муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Баҳромҷон Аълоев ва Вазири давлатии корҳои хориҷии Давлати Қатар Султон бин Саад Ал-Мурайҳӣ роҳбарӣ карданд.
Иштирокчиёни машваратҳо пешниҳодҳоро оид ба фаъолсозии минбаъдаи ҳамкориҳои Ӯзбекистону Қатар дар соҳаҳои сиёсат ва дипломатия, тиҷорату иқтисод, нақлиёт, энергетика, илму фарҳанг баррасӣ карданд.
Оид ба масъалаҳои сиёсати байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъият дар Афғонистон мубодилаи афкор сурат гирифт, хабар медиҳад хидмати матбуоти ВКХ Ҷумҳурии Ӯзбекистон.