Фестивали ҷаҳонии ҷавонон дар Тошканд бахшида ба Рӯзи байналмилалии иқлим оғоз ёфт

    Насли оянда 16 May 2025 4224

    15 май, дар Рӯзи байналмилалии иқлим, дар шаҳри Тошканд Фестивали ҷаҳонии ҷавонон оғоз гардид. Ин чорабинӣ ҳамчун платформаи муассири байналмилалӣ барои муколама байни ҷавонон ва ҳукуматҳо хизмат хоҳад кард, ки дар ҷараёни он иштирокчиёни ҷавон барои рушди устувор ва беҳтарсозии вазъи экологӣ пешниҳодҳои навоварона ироа мекунанд.

    Раиси Шӯрои парастории Бунёди “Zamin” дар маросими ифтитоҳи Ҳафтаи ташаббусҳои рақамии «сабз» иштирок намуда, бо лоиҳаҳо ва стартапҳои экологӣ шинос гардид ва дар дарсҳои маҳорат оид ба эҷоди маҳсулоти recycle бо ҷавонон иштирок кард.

    Зироат Мирзиёева бо экофаъолони ҷавон мулоқот анҷом дода, ба меҳмонони хурдсоли фестивал ҳамроҳ шуданд, то якҷо китоб хонанд ва филмҳои тасвирии “Yashil Makon” ва “Бек ва Лола”-ро тамошо кунанд. Ҳама хоҳишмандон метавонанд то охири ҳафтаи ҷорӣ ин филмҳоро дар фазои бароҳати Боғи ҷопонӣ тамошо ва мутолиа намоянд.

    Фестивал чаҳор ҳафтаи мавзӯиро дар бар мегирад ва аз 15 май то 30 июн дар шаҳрҳои Тошканд, Ҷумҳурии Қарақалпоқистон ва вилояти Самарқанд баргузор хоҳад шуд. Дар ин чорабинии фарогир беш аз 300 намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва сохторҳои ҷавонон, мутахассисон, коршиносон ва ҷавонони фаъол дар соҳаи экология аз зиёда аз 50 кишвари ҷаҳон иштирок доранд.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates