Дар Тошканд ҷашнвораи байналмилалии "Карнайи сулҳ" бо ширкати оркестрҳои низомии кишварҳои узви СҲШ оғоз шуд

    Сарҳади ҳарбӣ 23 Avgust 2022 1690

    22 август дар Тошканд барои нахустин бор ҷашнвораи байналмилалии "Карнайи сулҳ" бо ширкати оркестрҳои низомии кишварҳои узв ва нозирони Созмони ҳамкории Шанхай оғоз ёфт.

    Ҳазорон нафар ҳамватанон дар чанд майдони пойтахт ҷамъ омада, беҳтарин намунаҳои асарҳои мусиқиро дар иҷрои оркестрҳои низомии кишварҳои гуногун шуниданд.

    Аз ҷумла, дар майдони Қасри санъати «Дӯстии халқҳо» дар иҷрои оркестри ҳарбии Ҷумҳурии Беларус, дар майдони Кумитаи муносибатҳои байни миллатҳо – оркестри ҳарбии Федератсияи Россия, дар майдони боғи "Ашхобод" - оркестри ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар майдони Маҷмӯи савдои «Мегапланет» - оркестри низомии Ҷумҳурии Қирғизистон, дар хиёбони «Гумбазҳои кабуд» - оркестри низомии Ҷумҳурии Ҳиндустон, дар майдони Театри давлатии академии Калони ба номи Алишер Навоӣ — оркестри харбии Ҷумҳурии Халқии Чин.

    Дар фестивал мусиқии тараннумкунандаи ватандӯстӣ, диловарӣ ва мардонагӣ, асарҳои мусиқии классикони ҷаҳонӣ, мусиқии эстрадӣ ва ҷазӣ садо дода, машқҳои намоишӣ намоиш дода шуданд.

    Департаменти иттилоот ва коммуникатсияи оммавии Вазорати мудофиа.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates