Дар Тошканд “InnoWeek.Uz-2022” оғоз ёфт

    Насли оянда 19 Oktabr 2022 896

    18 октябр Ҳафтаи байналмилалии ғояҳои инноватсионӣ – «InnoWeek.Uz-2022» ба кори худ оғоз кард, ки дар доираи он ба ҷомеаи васеъ ва доираҳои касбӣ аз дастовардҳои илм, технологияҳои баланд, инчунин лоиҳаҳои инноватсионӣ ва сармоягузорӣ, ки дар кишвар татбиқ мешаванд, намоиш дода шуд.

    Имсол “InnoWeek.Uz-2022” таҳти шиори “Инноватсияҳои сабз барои рушди устувор” баргузор мешавад. Дар он намояндагони беш аз 50 давлати хориҷӣ, беш аз 100 ширкат ва 40 созмони хориҷӣ ширкат доранд. Дар доираи ҳафта марҳилаи ҷумҳуриявии марафони рушди технологӣ Technoways ва мусобиқаи байналмилалии робототехникӣ International Robotics Challenge (IRC) баргузор мешавад.

    Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи ҳафта муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон – вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷамшед Хоҷаев аҳамияти ҷорӣ намудани инноватсияҳоро дар рушди саноати кишвар, ҳарчи зудтар гузаштан ба иқтисодиёти рақамиро қайд карда, таъкид сохт, ки дар шароити рақобати ҷаҳонии иқтисодӣ идома додани рушди босуръатро кишваре ӯҳда мекунад, ки ба ғояҳо ва навовариҳои пешрафта такя мекунад.

    Ҳамчунин таъкид шуд, ки дар ҷараёни намоишгоҳ навгониҳои фанновариҳои ватанӣ ва хориҷӣ, ки барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва рушди иқтисод пешбинӣ шудаанд, ба намоиш гузошта мешаванд. Дар байни онҳо маҳсулоти навтарини технологӣ ва пешниҳодҳо, лоиҳаҳои нодир, прототипҳо ва коркардҳо барои истифода ҳам дар тиҷорат ва ҳам дар соҳаи иҷтимоӣ, бахши молия ва бонкӣ, кишоварзӣ ва идоракунии давлатӣ пешниҳод карда мешаванд.

    Ҳафтае, ки оғоз шуд, ба як платформаи беназир барои барқарор кардани робитаҳо байни марказҳои тадқиқотӣ ва инноватсионии ватанӣ ва хориҷӣ, фондҳои сармоягузорӣ, агентиҳои технологӣ, паркҳои технологӣ ва бизнес-инкубаторҳо табдил дода мешавад.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates