Дар ин бора дар брифинг дар ААКО сардори сектори UZINFOCOM-и Вазорати ТИК Бобур Баҳодиров маълум кард.
Чорабинии мазкур барои саноати Интернети Ўзбекистон аҳамияти бузург дошта, ба намояндагони соҳа имкони мубодилаи донииш ва таҷрибаро фароҳам меорад.
Дар конфронс тақдимотҳои умумӣ оид ба як қатор мавзӯъҳои мубрами ба монанди паҳнкунии IPv6, саъю кӯшиш оид ба ташкил кардани нуқтаҳои мубодилаи интернет-трафик (IXP) дар минтақа ва Интернети чизҳо (IoT) баргузор карда мешаванд.
Конфронс дар ҳамкорӣ бо RIPE NCC - бақайдгирии минтақавии Интернет барои Аврупо, Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ ва UZINFOCOM ташкил карда шудааст.
Ҳадафи асосии баргузории конфронси байналмилалӣ ҳамчун маркази пешбари омӯзиши назариявӣ ва амалӣ дар минтақа, инчунин рушд ва таҳкими робитаҳо, баланд бардоштани ваколатҳои Интератори ягонаи UZINFOCOM дар соҳаи домени байналмилалӣ ва минтақавӣ, ва гузаронидани чорабиниҳои байналхалқӣ нишон додани мавқеи Ӯзбекистон мебошад.