Дар Тошканд Ҳафтаи мероси фарҳангии Ӯзбекистон оғоз шуд

    Фарҳанг 18 Oktabr 2024 340

    Аз 18 то 27 октябри соли равон дар шаҳри Тошканд Ҳафтаи мероси фарҳангии Ӯзбекистон “Падидаи Эҳёи Шарқ: давлат, дин, шахсият ва тамаддун” баргузор мешавад.

    Дар ин бора хидмати матбуоти Ҷамъияти умумиҷаҳонии омӯзиш, ҳифз ва тарғиби мероси фарҳангии Ӯзбекистон (WOSCU) хабар дод.

    Дар доираи Ҳафта конфронсҳо, семинарҳо, форумҳо, намоишгоҳҳо ва презентатсияҳо баргузор мегарданд. Иштироки беш аз 100 нафар олимону коршиносони хориҷӣ дар назар аст.

    Ҳадафи асосии баргузории Ҳафтаи мероси фарҳангӣ дар Тошканд таҳкими муколамаи байналмилалӣ ва табодули дониши мутақобила, тасдиқи лоиҳаҳои нави муштарак бо шарикони хориҷӣ барои ҳифз, омӯхтан ва оммавӣ гардонидани мероси фарҳангии кишвар мутобиқи ислоҳоте, ки дар Ӯзбекистони Нав таҳти ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев амалӣ мегардад, мебошад.

    Аз 18 то 28 октябр дар доираи ин Ҳафта намоишгоҳҳо барпо мегарданд, ки сокинони Тошканд ва меҳмонони пойтахт аз он тамошо карда метавонанд. Намоишгоҳҳо бахшида ба мероси ғании таърихию фарҳангии Ӯзбекистон дар Осорхонаи давлатии таърихи Темуриҳо, Донишкадаи шарқшиносии ба номи Абӯ Райҳон Берунӣ, Китобхонаи миллии ба номи Алишер Навоӣ ва филиали тошкандии Осорхонаи давлатии таърихи Ӯзбекистон ба намоиш гузошта мешаванд.

    Форумҳои мавзӯӣ бо иштироки намояндагони олами илм ва шахсони расмӣ баргузор мешаванд. Ҳар рӯзи Ҳафтаи мероси фарҳангӣ аз замони пеш аз ислом сар карда ба ин ё он давраи мушаххаси таърихӣ бахшида мешавад.

    Қисмати муҳими Ҳафта муаррифии мегалоиҳаи “Маркази тамаддуни исломии Ӯзбекистон” хоҳад буд. Иштирокчиёни чорабинӣ аз бинои Марказ дидан мекунанд, ки дар он муаррифии лоиҳаҳои илмии муштарак бо шарикони хориҷӣ баргузор мегардад. Дар толорҳои музейҳои Марказ намоишгоҳҳои мавзӯии озмоишӣ ва экспозитсияхо кушода мешаванд.

    Умуман, Ҳафтаи мероси фарҳангӣ идомаи мантиқии коре мебошад, ки дар чаҳорчӯби Конгресси VIII дар Самарқанд оғоз шуда, дар он як қатор лоиҳаҳои бузург тасдиқ шуда буданд. Ҳоло марҳилаи инкишофи густурдаи онҳо оғоз меёбад.


    No date selected
    October 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates