Маросими ботантанаи пешвозгирӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии ба номи Ислом Каримови шаҳри Тошканд баргузор шуд. Дар ин чорабинӣ Сарвазири Ӯзбекистон Абдулла Арипов, роҳбари департаменти Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Одил Абдураҳмонов, роҳбарияти Вазорати варзиш, Кумитаи миллии олимпӣ, Ассотсиатсияи футбол, инчунин пайвандони футболбозон, мухлисон ва намояндагони ВАО иштирок карданд.
Шахсони расмӣ ба иштироки дастаи мунтахаб дар тамоми давраи мусобиқа, хусусан пирӯзии пурирода дар бозии финалӣ бар зидди дастаи мизбон баҳои баланд доданд. Ба бозигарон комёбиҳои минбаъда, устуворӣ ва илҳоми нав орзу карданд.
Паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Раиси Кумитаи миллии олимпӣ қироат гардид, инчунин Фармон дар бораи сарфароз намудани ғолибон ва иштирокчиёни мусобиқа хонда шуд.
Маросим бо супурдани туҳфаҳои Президенти кишвар анҷом ёфт: футболбозони ҷавон калидҳои мошинҳои тамғаи «Cobalt»-ро ба даст оварданд, ба сармураббии даста бошад, мошини «Equinox» тақдим карда шуд.












