Ба онҳо мувофиқи банди «а» қисми 3 моддаи 165 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон (тамаъҷӯӣ) айб эълон карда шудааст.
Ба иттилооти хадамоти матбуоти РКД Тошканд, 15 декабри соли 2025 А. Гоипназаров дар интернет видеоматериале ҷой додааст, ки дар бораи фаъолияти яке аз автосалонҳои ноҳияи Сергели пойтахт маълумоти манфиро дар бар мегирифт.
Баъди нашри ин видео, тибқи фарзияи тафтишот, гумонбарон аз соҳибкор барои ҳазф кардани ролик аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва худдорӣ аз ҷой додани маводҳои дигаре, ки метавонанд ба обрӯи тиҷоратии ӯ зарар расонанд, 50 ҳазор доллар талаб кардаанд.
Гуфта мешавад, ки 29 январ Ф. Мехмонов аз ҷабрдида 3 ҳазор доллар гирифта, 10 феврал бошад ҳангоми гирифтани боз 17 ҳазор доллар дастгир шудааст.
РКД Тошканд аз шаҳрвандоне, ки эҳтимолан аз амалҳои ин шахсон осеб дидаанд, даъват намуд, ки ба мақомоти корҳои дохилӣ муроҷиат кунанд ё ба рақами 102 занг зананд.