Дар Тошканд ба қаҳрамонҳое, ки кӯдаконро дар канали Бурҷар наҷот доданд, мукофотҳои давлатӣ супурда шуданд

    Воқеаҳо 4 Iyun 2025 763

    Дирӯз дар ҳокимияти шаҳри Тошканд маросими супоридани мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.

    Ба аъзои оилаи Абдуманноп Самиқов, ки ҳангоми наҷоти духтарони ғарқшуда ҷон бохт, медали "Жасорат" тақдим гардид, инчунин, корманди маҷмааи варзишии «Бӯриҷар» Нурмуҳаммад Мамасалиев, ки дар корҳои наҷотбахшӣ шуҷоат нишон додааст, низ бо медали «Жасорат» сарфароз гардид.

    Бино ба иттилои ҳокимияти шаҳри Тошканд, 3-юми июн дар бинои ҳокимияти шаҳри Тошканд бо ҳузури муовини аввали вазири ҳолатҳои фавқулодда – сардори ситод полковник С.Т. Зупаров ва ҳокими шаҳри Тошканд Ш.Б. Умурзоқов ба аъзои оилаи марҳум Абдуманноп Самиқов ва Нурмуҳаммад Мамасалиев мукофотҳои давлатӣ супорида шуд.

    Инчунин, 3 июн ба ҳамсари марҳум А.Самиқов 50 миллион сӯм ва ба Н.Мамасалиев 25 миллион сӯм ёрии моддӣ расонида шуд.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates