Дар Тошканд аввалин парвози мунтазами хатсайри ширкати ҳавопаймоии YTO Cargo Airlines-ро истиқбол гирифтанд

    Нақлиёт 7 Iyun 2024 1054

    6 июни соли равон ширкати ҳавопаймоии боркаши чинии YTO Cargo Airlines аввалин парвози мунтазами худро дар хатсайри "Иинин – Тошканд" анҷом дод.

    Ҳавопаймои ARJ21-700-и истеҳсолкунандаи чинии Comac дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд соати 17:02 ба вақти маҳаллӣ фуруд омад. Мувофиқи анъана ҳавопайморо бо арки обӣ пешвоз гирифтанд.

    Қаблан YTO Cargo Airlines бо ҳавопаймоҳои Boeing 757 ба Тошканд парвозҳои чартерӣ анҷом дода буд, ки аз имрӯз ба Ӯзбекистон парвозҳои мунтазамро оғоз кард.

    Барои маълумот: YTO Cargo Airlines ширкати ҳавопаймоии боркаши чинӣ мебошад, ки қароргоҳаш дар Ҳанҷоу ҷойгир аст.


    No date selected
    July 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates