баннер
30 Mar 2025
16:36

    Муовини сарвари садорати вазъиятҳои фавқулоддаи шаҳри Тошканд боздошт шуд

    Бехатарӣ 26 Mart 2025 382

    Ӯ мунтазам ба ивази хулосаи мусбати Комиссияи қабули давлатӣ ҳангоми ба истифода додани биноҳои навбунёд ё реконструксияшуда бо роҳи тамаъҷӯӣ пора гирифтааст.

    Дар рафти гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби Хадамоти амнияти давлатӣ дар доираи мубориза бар зидди коррупсия амалҳои ғайриқонунии муовини сардори Садорати ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Тошканд ошкор гардид.

    Аз ҷумла, ин мансабдор аз мақоми хидматӣ сӯиистифода карда, ба ивази тасдиқи лоиҳаи биноҳои сохтмони дар шаҳри Тошканд пешбинишуда, имзои санадҳо оид ба сигнализатсияи автоматии сӯхтор ва тақдими хулосаи мусбати Комиссияи қабули давлатӣ ҳангоми ба истифода додани биноҳои навбунёд ё реконструксияшуда мунтазам бо роҳи тамаъҷӯӣ пора гирифтааст.

    Сад афсӯс, ки дар байни чунин объектҳо биноҳои мактаби ҳамагонӣ ва муассисаи тиббӣ низ ҳастанд.

    Ҳоло нисбат ба ин шахс бо моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноӣ парвандаи ҷиноӣ боз ва чораи эҳтиётӣ дар намуди ҳабс татбиқ шудааст.

    Тафтишоти ибтидоӣ идома дорад.


    No date selected
    March 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates
    Our Telegram
    Text to speech