Дар Тошканд Мактаби XVII байналхалқии сейсмологҳои ҷавони ИДМ кори худро ба охир расонд

    Илм 21 Sentabr 2023 1761

    Дар кори мактаб намояндагони Озарбойҷон, Арманистон, Белоруссия, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдавия, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок доштанд.

    Мавзӯи асосии кори мактаб дар ин сол чунин аст: «Усулҳои муосири коркард ва шарҳи маълумоти сейсмологӣ».

    Олимони ҷавон бо усулҳои гуногуни ошкор кардани манбаъҳои сейсмикӣ ва таҳлили онҳо шинос шуданд. Мо таҷрибаи беназир ва равишҳои муосири арзёбии хатари сейсмикиро дар минтақаҳои кӯҳии аз ҷиҳати сейсмикӣ фаъол ва пешгӯии заминҷунбиро омӯхтем.

    Ғайр аз ин, мо дар машғулиятҳои амалӣ оид ба интихоби муодилаҳои паст кардани ларзиши сейсмикӣ иштирок карда, бо кори куҳнатарин стансияи сейсмикии Осиёи Миёна (расадхонаи сейсмологии Тошкент ва расадхонаи геофизикии Янгибозор) шинос шудем.

    «Ин гуна чорабинӣ дар кишвари мо бори аввал баргузор мешавад. Олимони ҷавон бо ҳамкасбони хориҷӣ маърӯзаҳои худро ба аҳам мебинанд, донишу таҷриба мубодила мекунанд. Чунин ҳамкориҳо ба онҳо мусоидат мекунад, ки дониши худро дар ин соҳа васеъ намуда, мутахассиси соҳибихтисос гарданд», - қайд кард Зухриддин Шукуров, ходими калони илмии Донишкадаи сейсмологияи ба номи Ғ.О.Мавлонови Академияи илмҳои Ӯзбекистон.

    Ташкилкунандагони чорабинӣ Донишкадаи сейсмологияи Академияи илмҳо, Академияи илмҳо, Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон, инчунин Маркази федералии тадқиқотии «Хизмати ягонаи геофизикии академияи илмҳои Русия», Фонди байнидавлатии ҳамкориҳои башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ мебошанд.

    No date selected
    July 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates