Дар Тошканд низоми «Toza Poytaxt» барои рақамисозии пурраи баровардани партовҳои маишӣ роҳандозӣ мегардад

    Дар шаҳри Тошканд ҷорӣ намудани низоми нави рақамии ташкили ҷамъоварӣ ва баровардани партовҳои маишӣ – таъминоти барномавии «Toza Poytaxt» («Пойтахти тоза») оғоз меёбад.

    Дар маҷлиси ҳокимияти пойтахт, ки бо роҳбарии мудири котибот оид ба масъалаҳои технологияҳои иттилоотӣ Бобур Абдураҳимов баргузор гардид, иштирокчиён бо функсияҳои система шинос шуданд. Ин система имкон медиҳад, ки кори техникаи баровардани партовҳо дар ҳар як маҳалла ва мувофиқи ҷадвали тасдиқшуда банақшагирӣ ва назорат карда шавад.

    Масъули тозагӣ дар қаламравҳои муқарраргардида Кумитаи экология, Кумитаи беҳбудии санитарӣ-эпидемиологӣ ва тандурустии ҷамъиятӣ, Гвардияи миллӣ ва «ҳафтгонаи» маҳаллаҳо хоҳанд буд.

    Аз 14 август «Toza Poytaxt» дар ноҳияи Олмазор ба таври санҷишӣ ба кор оғоз мекунад ва то 1 сентябр система ба таври марҳилавӣ дар тамоми ноҳияҳои шаҳр ҷорӣ хоҳад шуд.

    Платформаи нав мониторинги худкори ҳаракати мошинҳои партовбар, ҳисоб кардани ҳаҷми партовҳо, баҳодиҳии сифати хизматрасониҳое, ки ба шахсони ҳуқуқӣ пешниҳод мегарданд ва назорати ҳолати санитарии кӯчаҳои марказӣ ва дохилиро таъмин менамояд. Ҳамаи маълумот бе иштироки инсон ҷамъоварӣ шуда, ҳолатҳои иҷро нашудани корҳо ва набаровардани партовҳо ба таври худкор сабт мегарданд.

    Сардори Ассотсиатсияи маҳаллаҳои Тошканд Фурқат Маҳмудхӯҷаев зикр кард, ки ин ташаббус ба як воситаи муҳим барои раисони маҳаллаҳо ва ёварони онҳо табдил хоҳад ёфт. Ҳамчунин намояндагони «Махсустранс», Кумитаи экология ва Гвардияи миллӣ низ аз лоиҳа ҷонибдорӣ намуданд.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates