Дар Тошканд истгоҳҳои нави метрои рӯизаминиро ба кор андохтанд

    Нақлиёт 15 Dekabr 2023 1656

    15 декабр дар Тошканд ду истгоҳи нави метро ба истифода дода шуд. Истгоҳҳои рақами 13 ва 14-и хатти заминии “Турон” ва “Қипчоқ” ҳоло бидуни қабули мусофирон дар реҷаи санҷишӣ ба кор шурӯъ карданд.

    Ифтитоҳи расмӣ пас аз он ки мутахассисони метро натиҷаи озмоишҳоро дастрас мекунанд баргузор мешавад. Қайд кардан ҷоиз аст, ки пас аз кушодашавии пурра, хатҳои ҳалқагӣ ва Сергелии метрои замин ба ҳам пайваст мешаванд, менигорад ӮзА.

    Ёдовар мешавем, ки барои пайваст кардани ду истгоҳ аз 16 декабр ҷадвали кори метрои рӯизаминӣ қисман тағйир дода шуд. Истгоҳҳои "Технопарк", "Яшнобод" ва "Тузел" аз соати 06:00 то 22:00 ба вақти корӣ мегузаранд. Истгоҳҳои минбаъда аз "Олмос" то "Қурувчилар" аз рӯи ҷадвали доимӣ аз соати 05:00 то 23:00, вале аз соати 05:00 то 06:00 ва аз 22:00 то 23:00 ҳаракати қатораҳои яктарафа ташкил карда мешаванд.

    No date selected
    July 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates