Тибқи иттилои хидмати матбуоти ширкати «Uzbekistan Airports», технология имкон медиҳад, ки бидуни иштироки мустақими нозирон, тавассути камераҳои назоратӣ ва таҳлили маълумот дар бораи парвозҳо, назорати гумрукии мусофирон ва бағоҷи онҳо амалӣ карда шавад.
Камераҳое, ки дар тамоми периметри терминал насб шудаанд, ба мақомоти гумрук имкон медиҳанд, ки вазъро дар вақти воқеӣ аз масофаи дур назорат кунанд ва танҳо ба мусофирони алоҳида таваҷҷуҳ зоҳир кунанд. Ин дар навбати худ имкон медиҳад, ки мусофирони парвозкунанда аз сарҳади гумрукӣ зудтар ва бидуни таъхир убур кунанд.