Дар метрои Тошканд аз 11 декабр чор истгоҳ бо вестибюлҳои навсозишуда боз мешаванд

    Нақлиёт 10 Dekabr 2025 223

    Корҳои таъмири техникии дар қисми даромадгоҳҳои яктарафаи истгоҳҳои "Ӯзбекистон", "Машинасозлар", "Ғафур Ғулом" ва "Миллий Боғ"-и метрои зеризаминии Тошканд амалигардида ба охир расиданд.

    Дар ин бора аз Корхонаи воҳиди давлатии “Toshkent metropoliteni” хабар доданд.

    Гуфта мешавад, ки қаблан ин истгоҳҳо бинобар кам будани мусофирон солҳои зиёд баста буданд, аммо ҳоло, бо назардошти афзоиши мусофирон ва талабу хоҳишҳои сокинони шаҳр, ҳамаи равандҳои зарурии техникӣ дар қисматҳои вурудӣ (вестибула)-и истгоҳҳои метрои "Ӯзбекистон", "Машинасозлар", "Ғафур Ғулом" ва "Миллий Боғ" пурра анҷом ёфта, корҳои таъминот бо таҷҳизоти муосир иҷро шудаанд.

    Дар ин робита, аз 11 декабри соли 2025 ин вестибюлҳо барои мусофирон аз нав ба кор шурӯъ мекунанд.

    Метрополитени Тошканд таъкид кард, ки ба мусофирон хизматрасонии мусоид ва бехатарро идома медиҳад.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates