Тибқи ин шартнома, фурудгоҳи нав барои муҳлати 35 сол дар асоси механизми шарикии давлативу хусусӣ ба идоракунии беруна дода мешавад. Лоиҳа дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои пешсафи Арабистони Саудӣ, Ҷопон ва Ҷумҳурии Корея амалӣ мегардад.

Маҷмааи нави фурудгоҳ солҳои 2026–2030 дар масоҳати 1310 гектар дар ҳудуди ноҳияҳои Ӯртачирчиқ ва Қуйичирчиқи вилояти Тошкент бунёд шуда, дар марҳилаи аввал ҷалби тақрибан 3 миллиард доллари ИМА сармояи хориҷӣ пешбинӣ шудааст.

Дар доираи лоиҳа терминали нави замонавии мусофирбар сохта мешавад, ки нисбат ба терминали амалкунанда чор маротиба калонтар буда, дар марҳилаи аввал имкони хизматрасонӣ ба 20 миллион мусофир дар як солро дорад. Дар оянда ин нишондиҳанда ба 46 миллион мусофир мерасад.

Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ва таъмини амнияти мусофирон, дар терминали нав низомҳои пешрафтаи бақайдгирии фаврӣ, таъмини амният, ки бар пояи технологияҳои муосири иттилоотӣ амал мекунанд, ҷорӣ мегарданд.
Ҳамчунин, барои ба роҳ мондани ҳаракати босуръат ва қулайи мусофирон зиёда аз 40 трапи телескопӣ ва бештар аз 160 ҷойи таваққуфи ҳавопаймоҳо ташкил карда мешавад.

Дар фурудгоҳ ду хатти парвозу нишаст сохта мешавад, ки имкони ҳамзамон парвоз кардан ва нишастани ҳавопаймоҳоро фароҳам меорад. Дар натиҷа, дар як соат зиёда аз 30 амалиёти парвозу нишаст анҷом дода мешавад. Низомҳои пешрафтаи навигатсионӣ, метеорологӣ ва амниятӣ имкон медиҳанд, ки ҳамаи намудҳои ҳавопаймоҳо дар ҳар гуна шароити обу ҳаво қабул карда шаванд.
Илова бар ин, барои осон намудани рафтуомади аҳолӣ ва меҳмонони кишвар ба ҳудуди фурудгоҳ роҳҳои қулайи нақлиётӣ, аз ҷумла тавассути шоҳроҳҳои автомобилгард ва хатҳои роҳи оҳани маҳаллӣ, ба роҳ монда мешаванд, ки пойтахт ва вилоятҳоро бо ҳам мепайванданд.

Ин фурудгоҳ на танҳо ба рушди иқтисодиёт ва соҳаи сайёҳии кишвар мусоидат мекунад, балки мавқеи минтақавии онро дар харитаи авиатсияи ҷаҳон низ таҳким хоҳад бахшид.