Дар вилояти Тошканд зерстансияи рақамӣ бо иқтидори 500 кВ сохта мешавад

    Энергетика 19 Dekabr 2023 1960

    Дар ноҳияи Чирчиқи вилояти Тошканди Ӯзбекистон зерстансияи рақамӣ бо иқтидори 500 кВ сохта мешавад. Дар ин бора вазорати энергетикаи Ӯзбекистон хабар дод.

    Лоиҳа таҳти унвони «Ҳалқа»-ро ширкати «Шабакаи миллии барқи Ӯзбекистон» бо истифода маблағҳои Бонки ҷаҳонӣ амалӣ менамояд.

    Пешбинӣ шудааст, ки зерстансияи «Ҳалқа», ки иқтидораш 1602 МВА мебошад, сарбории зерстансияи «Келес»-и вилояти Тошкентро хеле кам мекунад. Ширкати “Ўзэлектроаппарат-Электрошит” ғолиби тендерҳои байналмилалӣ оид ба корҳои сохтмонӣ эътироф гардид.

    Корҳои сохтмону васлкунӣ то охири соли 2024 анҷом дода мешаванд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates