Сарраёсати корҳои дохилии вилояти Тошканд ҳодисаи мазкурро шарҳ дод.

Маълум гардид, ки навори видеоӣ моҳи сентябри соли гузашта сабт шудааст. Соҳиби саг сокини 27-солаи маҳаллаи «Сабо»-и шаҳри Янгиюл будааст.

Айни замон кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мардро боздошт кардаанд.

Нисбат ба ӯ тибқи моддаи 111 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Ӯзбекистон (муносибати бераҳмона нисбат ба ҳайвонот) мавод тартиб дода шуда, санҷиши пешазтафтишотӣ идома дорад.

Мутобиқи ин модда, ба ӯ ҷарима аз 5 то 10 ВҲБ ё ҳабси маъмурӣ то понздаҳ шабонарӯз таҳдид мекунад.