Дар Тирмиз дар ҳамкорӣ бо бонки KfW маркази нави омодакунии кадрҳои тиббӣ таъсис дода мешавад

    Тандурустӣ 15 Dekabr 2023 2022

    Мулоқоти вазири тандурустӣ Амрилло Иноятов бо ҳайати Бонки рушди Олмон («KfW») таҳти роҳбарии сардори департаменти Қафқоз ва Аврупои Шарқӣ Вероника Гарсиа Дел Арко баргузор гардид.

    Бояд гуфт, ки ин банки давлатӣ таҷибаи 75-сола дорад. Идораи марказӣ дар Франкфурт ҷойгир аст. Ин ниҳод барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳои шарик кумаки молиявӣ мерасонад.

    Бино ба иттилои маркази матбуотии вазорати тандурустӣ, якҷо бо ширкати KfW дар Ӯзбекистон дар бахши тандурустӣ, таҷдиди муассисаҳои тиббӣ, таъмини таҷҳизоти замонавӣ, таъмини манбаъҳои алтернативии барқ ва таҳсилоти тиббӣ як қатор лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва грантӣ амалӣ мешаванд.

    Дар хотимаи мулоқот дар бораи оғози лоиҳаи «Модернизатсияи омодакунии кадрҳои тиббӣ ва таҳсилоти иловагӣ дар шаҳри Тирмиз» созишномаи муҳим ба имзо расид.

    Лоиҳа омӯзиши касбӣ ва такмили ихтисоси кормандони соҳаи тибро дар асоси стандартҳои пешрафтаи олмонӣ пешбинӣ мекунад.

    Кадрҳои тиббӣ бо роҳи таъмин намудани техникуми тиббии шаҳри Тирмиз бо таҷҳизоти зарурӣ, аз он ҷумла таҷҳизоти имитатсионӣ тайёр карда мешаванд

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates