Дар Тирмиз машқҳои муштараки Ӯзбекистону Тоҷикистон «Иттиҳод-2022» оғоз ёфт

    Сарҳади ҳарбӣ 5 Avgust 2022 2712

    3 август ҳайати низомии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ширкат дар машқҳои муштараки “Иттиҳод-2022” вориди Тирмиз шуд.

    Тавре аз Департаменти иттилоот ва коммуникатсияи оммавии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон хабар доданд, дар қисми низомии гарнизони Тирмиз, ки ҳайат дар он ҷойгир аст, нақшаи чорабиниҳое омӯхта шуд, ки афсарони ӯзбеку тоҷик дар машқҳои муштарак амалӣ хоҳанд кард.

    Дар рӯзи дуюми кори муштарак дар доираи машқҳои «Иттиҳод-2022» маросими ифтитоҳи ботантана доир гардид. Дар чорабинӣ фармондеҳи Ҳавзаи махсуси низомии Ҷанубу Ғарбӣ генерал-майор Зайнобиддин Иминов ва муовини сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Эгамзод Шараф Худойбердӣ суханронӣ намуданд.

    Пас аз маросими ифтитоҳ хидматчиёни ҳарбии Ӯзбекистон дар нуқтаҳои таълимӣ ва арсаҳои монеаҳои тамринии полигони Тирмиз машғулотҳои намоишӣ баргузор карданд.

    Ҷанговарони мо дар машқҳои амалӣ, аз қабили ҷанг дар масофаи наздик, эвакуатсия кардани ярадорон, зада дафъ кардани ҳуҷуми душмани тахминӣ иштирок карданд. Дар ин машқҳои амалӣ низомиёни тоҷик низ ширкат доштанд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates