Ҳамзамон дар ин чорабинӣ муаррифии осори чиншиноси ӯзбек, ки  аз ҷониби чиншиносҳои Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд амалӣ шудаанд, баргузор гардид.

Дар чорабинӣ, ки дар режими онлайн ва офлайн сурат гирифт, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Фарҳод Арзиев ва намояндагони сафоратхона, намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ӯзбекистон, директори маркази иттилоотиву таҳлилии назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Дониёр Қурбонов, директори Маркази дипломатияи халқии СҲШ дар Ӯзбекистон Қобулҷон Собиров, директори Донишкадаи Конфутсияи назди Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд Янг Шиху, роҳбарияти донишгоҳ ва мутахассисони чиншинос иштирок карданд.

Иштирокчиёни чорабинӣ ба корҳое, ки дар Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд дар бахши синология анҷом дода шудаанд, баҳои баланд дода, омодагии худро дар татбиқи нақшаҳои дарозмуддати дар назди маркази навтаъсис қарордошта зикр намуданд.