Дар Токио Деҳаи олимпӣ ба кор шурӯъ кард

    Варзиш 13 Iyul 2021 623

    Дар ҳудуди пойтахти Ҷопон Деҳаи олимпӣ ба кор шурӯъ кард. Дар ин бора рӯзи сешанбе кумитаи тадорукоти Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Токио, ки аз баргузории маросими ифтитоҳи ин иншоот ба муносибати пандемия даст кашид, хабар дод.

    Масоҳати деҳа, ки дар соҳили халиҷи Токио ҷойгир аст, тақрибан 44 гектарро ташкил медиҳад. Он барои ҷойгиронии ҳамзамони 18 ҳазор варзишгар ва дигар аъзои дастаҳои олимпӣ пешбинӣ шудааст, ки дар давоми бозиҳо тақрибан 3,8 ҳазор квартираро ишғол хоҳанд кард, хабар медиҳад ТАСС.

    Варзишгарон ба деҳа панҷ рӯз қабл аз оғози мусобиқа ҳозир мешаванд ва маҷбуранд, ки онро дар давоми ду рӯзи ба охир расидани бозӣ тарк кунанд. Дар ин миён, созмондиҳандагон метавонанд ба баъзе варзишгарон агар онҳо ба тамрини дигар варзишгарон, ба мисли паҳлавонон ва теннисбозон лозим шаванд, иҷозат медиҳанд, мӯҳлати будубоши худро дароз кунанд. Ғайр аз он, ба онҳо иҷозати иқомат дода мешавад, то ҳузури намояндагони ҳамаи кишварҳое, ки дар Олимпиада дар маросими ифтитоҳ ва пӯшидашавии Бозиҳо иштирок мекунанд, таъмин карда шаванд.

    Барои пешгирии паҳншавии коронавирус, дар ҳудуди деҳа шабонарӯзӣ бахши алоҳидаи тиббӣ фаъолият хоҳад кард, ки барои назорати варзишгарони дорои нишонаҳои сироят пешбинӣ шудааст. Ғайр аз ин, варзишгарон бояд ҳамарӯза аз ташхиси сироят гузаранд, инчунин ниқобҳои муҳофизатӣ пӯшанд ва фосилаи иҷтимоиро қатъӣ риоя кунанд. Бо вуҷуди ин, ба онҳо иҷозат дода мешавад, ки нӯшокиҳои спиртиро ба шарте ки онҳо танҳо бинӯшанд, ба ҳуҷраҳояшон оваранд.

    Олимпиадаи Токио мебоист аз 24 июл то 9 августи соли 2020 баргузор мешуд. Бо сабаби пандемия мусобиқаҳо барои як сол мавқуф гузошта шуданд, акнун онҳо аз 23 июл то 8 августи соли 2021 баргузор мешаванд. Ташкилкунандагон тасмим гирифтанд, ки Бозиҳоро бидуни мухлисони хориҷӣ баргузор кунанд ва тамошобинони маҳаллӣ низ ба чорабиниҳои олимпӣ дар шаш префектураи Ҷопон, аз ҷумла Токио роҳ дода намешаванд.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates