Дар Палатаи савдо ва саноати Ӯзбекистон бо намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Полша мулоқот баргузор гардид

    9 октябр мулоқоти муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Ӯзбекистон Дилшод Расулов ва муовини директори департаменти шарқии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Полша Марек Цалка баргузор гардид.

    Дар он кордори муваққатии Сафорати Ҷумҳурии Полша дар Ӯзбекистон Марчин Вакар низ ширкат дошт.

    Зимни гуфтушунидҳо масъалаҳои кунунии ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ шуда, самтҳои ояндадори рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёт муайян гардиданд. Аз ҷумла, соҳаҳои кишоварзӣ, нафту газ, энергетика ва логистика фаро гирифта шуданд.

    Онҳо инчунин бо иқтидори сармоягузорӣ ва доираи васеи шароиту имкониятҳои Ӯзбекистон, ки барои сармоягузорони хориҷӣ фароҳам оварда шуданад, шинос карда шуданд. Ҷониби Полша ба фазои соҳибкорӣ дар Ӯзбекистон, ки дар муддати кӯтоҳ фароҳам оварда шудааст, баҳои баланд дод.

    Дар натиҷаи музокирот ҷонибҳо омодагии мутақобиларо барои рушди ҳамкориҳоро изҳор намуда, ба мувофиқа расиданд, ки дар доираи масъалаҳои баррасишудаи рӯзномаи ҳамкориҳои дуҷониба ҳамкорӣ кунанд.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates