Дар ҷараёни он масъалаҳои стратегии рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ миёни Ӯзбекистон ва музофоти Шандун, инчунин имкони рушди ҳамкориҳо дар соҳаи истеҳсолоти илмӣ баррасӣ гардиданд.
Ба ғайр аз ин, масъалаҳои ташкили анҷумани тиҷоратӣ байни доираҳои корчаллони Ўзбекистон ва Шандун баррасӣ гардиданд. Дафтари матбуоти ПСС хабар медиҳад, ки дар натиҷаи мулоқот миёни ду созмон оид ба ҳамкории зич ва роҳандозии равобити тиҷоративу иқтисодӣ тавофуқ ҳосил шуд.