Дар дараи Сармишсой «Open Air Fest» барпо гардид

    Чорабинии фарҳангию маърифатӣ ба муносибати Ҳафтаи осорхонаҳо, ки ҳамасола дар кишвари мо аз 2 то 8 сентябр баргузор мешавад, бахшида шуд.

    Музей – мамнӯъгоҳи давлатии “Сармишсой” дар ноҳияи Навбаҳори вилояти Навоӣ дар се соли ахир пас аз содир шудани қарори дахлдори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон давраи бунёдкориро аз сар мегузаронад. Аз ҷумла, дар ҷиҳати ҳифзи мероси фарҳангӣ, ки бештар бо номи осорхонаи дар ҳавои кушод маъруф аст, корҳои дахлдор анҷом дода шуданд. Ҳамин тавр, ҳудуди минтақаи табиии муҳофизатшаванда тасдиқ карда шуда, дарвозаҳои рамзӣ, ки ба сўи дараи петроглифҳо мебаранд, пулҳо аз болои чашмаҳои на он қадар чуқур, пайроҳаҳо барои сайёҳон, инчунин бо назардошти шароити иқлими маҳаллӣ беседкаҳои кушод барои истироҳат кушода шуданд.

    Музеи давлатии таърих ва маданияти вилояти Навоӣ дар осорхона-мамнуъгоҳи «Open Air Fest» ташкил намуда, ба он дастаҳои эҷодиёти даҳонакии халқи ноҳияҳои Кармана, Навбаҳор ва коркунони эҷодии ноҳияи Хатирчиро даъват намуд.

    Ба иштирокчиёни чорабинии фарҳангию маърифатӣ, ки ба рушди ҳувияти фарҳангу расму оинҳои миллӣ ва дастгирии сайёҳии дохилӣ нигаронида шуда буд, сайри дараи Сармишсой пешниҳод карда шуд.