Мутахассисони рус дар соҳаи педиатрия ва онкология барои табодули таҷриба ба Ӯзбекистон фиристода мешаванд

    Дар ҳокимияти шаҳри Тошканд бо ҳайати Санкт-Петербург таҳти сарварии муовини губернатори шаҳр Олег Эргашев мулоқот баргузор гардид. Дар рафти мулоқот ҳокими пойтахт Шавкат Умурзоқов, муовинони ҳоким, шахсони масъули соҳаи тибб ва таълим иштирок карданд.

    Шавкат Умурзоқов барои боздид изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки дар натиҷаи сиёсати кушоди раҳбарони ду кишвар имкони ҳамкориҳои густарда миёни Тошканд ва минтақаҳои Федератсияи Русия фароҳам оварда шуда, аз бояд аз ин имконият пурра истифода бурд.

    Вай зикр кард, ки дар баробари иқтисод, сармоягузорӣ, тиҷорат ва саноат густариши ҳамкориҳо ва табодули таҷриба дар арсаи иҷтимоӣ мувофиқи мақсад аст.

    Роҳбари ҳайати Петербург ҳамкориҳоро дар доираи лоиҳаҳои зиёди эҳтимолии нав пешниҳод кард. Вай аз ҷумла гуфт, ки дар рӯзҳои наздик мутахассисони рус дар бахши педиатрия ва саратоншиносӣ барои табодули таҷриба ба Ӯзбекистон фиристода мешаванд.

    Дар поёни мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки муколамаро барои ҳамкории муассир идома диҳанд.