Ҳадаф аз сафари ҳайат ошноӣ бо рафти омодагӣ ба иҷлосияи 25-умин солгарди Ассамблеяи генералии ЮНВТО мебошад, ки рӯзҳои 16-20 октябри соли ҷорӣ дар Самарқанд баргузор мешавад.
Дар доираи ин чорабинии васеъмиқёс бо ташаббуси Дабири кулли ЮНВТО Зураб Пололикашвили қабули Қарори махсуси Ассамблеяи генералии ЮНВТО дар бораи додани мақоми «Пойтахти ҷаҳонии сайёҳии фарҳангӣ» ба шаҳри Самарқанд дар назар аст.
Сафари ҳайати Гурӯҳи кории ЮНВТО то 16 июл идома хоҳад кард.