Ҳашт кӯдаке, ки дар Русия бе парастории волидон монда буданд, ба Ӯзбекистон баргардонида шуданд

    Дар фурудгоҳи Новосибирск як гурӯҳ кӯдакони аз чандмоҳа то 14-соларо, ки бе парастории волидон монда буданд, ба Ӯзбекистон гусел карданд.

    Бо кумаки Консулгарии генералӣ аз шаҳрҳои Новосибирск, Иркутск, Красноярск ва Владивосток шаҳрвандони ноболиғи Ӯзбекистон ҷамъ оварда, бо ҳамроҳии калонсолон ба ватанашон баргардонда шуданд, хабар медиҳад хабаргузории «Дунё».

    Қобили зикр аст, ки Консулгарии генералӣ барои зуд ба даст овардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз ҷониби Русия тамоми робитаҳо ва имкониятҳои ҳадди аксарашро истифода бурда, кӯдаконро бо хӯроки гарм таъмин намуд.

    Ҳашт кӯдак ба Ӯзбекистон баргаштанд, ки ҳоло волидонашон бо сабабҳои мухталиф наметавонанд дар тарбияи онҳо ширкат кунанд.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates