Мутобиқи Қонун, вайрон кардани талаботи бехатарии сӯхтор дар ҷангал боиси ҷарима мегардад:

барои шаҳрвандон — аз 10 то 15 ААҲ (аз 3 миллиону 400 ҳазор сӯм то 5 миллиону 100 ҳазор сӯм);

барои шахсони мансабдор — аз 20 то 25 ААҲ (аз 6 миллиону 800 ҳазор сӯм то 8 миллиону 500 ҳазор сӯм).

Инчунин, ҳангоми сӯхторе, ки дар бинои истиқоматӣ дар натиҷаи беэҳтиётии шахс ё вайрон кардани қоидаҳои бехатарии сӯхтор, ки бо расонидани зарар ба саломатии инсон ё вайрон кардан ё нобуд шудани молу мулки шахси дигар алоқаманд нест, ба амал омадааст, ин шахс барои вайрон кардани қоидаҳои бехатарии сӯхтор аз ҷавобгарии маъмурӣ озод карда мешавад.

Қонун баъди 3 моҳи рӯзи интишори расмӣ эътибор пайдо мекунад.