Дар Ӯзбекистон барӯйхатгирии аҳолӣ ва хоҷагии қишлоқ гузаронида мешавад

    Фармони Президент «Дар бораи гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва хоҷагии қишлоқ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон» (№ ФП–173 аз 19.09.2025) қабул гардид.

    Мувофиқи қарор, барӯйхатгирии аҳолӣ ва хоҷагии қишлоқ дар Ӯзбекистон аз 15 январи соли 2026 то 28 феврали соли 2026 тибқи ҳолати 15 январи соли 2026 гузаронида мешавад.

    Кумитаи ҷумҳуриявӣ оид ба ташкили гузаронидани барӯйхатгирӣ таъсис дода мешавад.

    Барӯйхатгирӣ дар давраи аз 15 декабри соли 2025 то 1 марти соли 2026 бо ҷалби кормандоне, ки дар низоми «ҳафтгонаи маҳалла» фаъолият доранд, амалӣ мегардад.

    Дар ин замина, Ассотсиатсияи маҳаллаҳои Ӯзбекистон якыоя бо Кумитаи миллии омор ва вазорату идораҳои масъул гузаронидани барӯйхатгириро тавассути дастгоҳҳои планшетии кормандони низоми «ҳафтгонаи маҳалла» таъмин мекунанд.

    Идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ бояд гузаронидани барӯйхатгирии ҳамаи кормандони худро, ки дар низомашон фаъолият доранд, дар давраи аз 15 то 31 январи соли 2026 тавассути шабакаи интернет дар портали census.stat.uz таъмин намоянд.

    Ғайр аз ин, дар ноҳияҳо (шаҳрҳо) ситодҳои барӯйхатгирӣ ташкил карда шуда, фаъолияти онҳо зери назорат гирифта мешавад.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates