Дар Ӯзбекистон боз як мусобиқаи шоҳмот баргузор мешавад

    Варзиш 3 Fevral 2023 2203

    Солхои охир ба шарофати инкишофи спорт дар мамлакати мо варзишгарони Ӯзбекистон дар мусобиқаҳои байналхалқӣ муваффақиятҳои калон ба даст оварданд.

    Дастаи мунтахаби кишварамон ғолиби Олимпиадаи 44-уми ҷаҳонии шоҳмот, ки аз 28 июл то 10 августи соли 2022 дар Ҳиндустон баргузор шуд, гардид. Дар супермусобиқаи "Tata Steel Chess-2023", ки чанде пеш дар Ҳолланд баргузор шуд, ҳамватанони мо Нодирбек Абдусатторов дар гурӯҳи «мастерс» мақоми дувум ва Ҷавоҳир Синдоров дар гурӯҳи «челленджерс» мақоми севумро касб карданд. Ҳамаи гроссмейстерҳои мо бо иштироки бомуваффақият дар мусобиқаҳои бонуфузи худ иқтидори шоҳмотӣ Ӯзбекистонро ба тамоми чаҳон намоиш медиҳанд. Ба шарофати чунин ғалабаҳо шавқу ҳаваси хориҷиён ба мамлакати мо меафзояд.

    Мувофиқи қарори Президент "Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба минбаъд оммавӣ гардондан ва рушди шоҳмот" аз 5 августи соли 2022 дар кишварамон соли ҷорӣ мусобиқаҳои шоҳмотбозии «Рокировка», «Нуроний», «Чексиз имкон», «Uzbekistan chess open», «Women’s Chess Championship» бахшида ба Рӯзи байналмилалии занон баргузор мегардад. Шурӯъ аз соли ҷорӣ аз рӯи анъана дар минтақаҳои гуногуни Ӯзбекистон мусобиқаҳо баргузор мешаванд.

    Чорабиниҳо ба рушди туризми варзишӣ дар мамлакати мо, фароҳам овардани шароит барои ташкили фароғати пурмазмуни сайёҳон, минбаъда пеш бурдани иқтидори сайёҳии минтақаҳо ва оммавӣ гардондани бозиҳои миллии варзшӣ хидмат мекунанд.

    Ҷадвали мусобиқоти шоҳмот, макони баргузории мусобиқа ва дигар маълумоти иловагӣ дертар дар манбаъҳои расмӣ эълон карда мешавад, хабар медиҳад ӮзА.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates