Ҳадафи мусобиқа муайян кардани дастаест, ки дар чемпионати Осиё байни дастаҳои мактабии соли 2026 ширкат хоҳад кард, инчунин мусоидат ба рушди минбаъда ва густариши шатранҷ миёни хонандагони мактабҳо мебошад.

Тибқи натиҷаҳои мусобиқа, дастае, ки ҷойи 1-умро ишғол мекунад, ҳаққи ширкат дар чемпионати Осиё байни дастаҳои мактабӣ дар соли 2026-ро ба даст меорад.