Мувофиқи он, ин фармонро амири Афғонистон шахсан имзо кардааст ва ин ташаббус аз ҷониби Вазорати таблиғи аъмоли нек ва ҷилавгирӣ аз бадӣ ба миён гузошта шудааст.
Масъулини Толибон бар он назаранд, ки шоҳмот бар пояи тасодуфот аст ва ба дини ислом номувофиқ мебошад.
Бино ба маълумотҳо, шоҳмотбозони афғон 9-уми майи соли ҷорӣ ба Департаменти варзиш ва тарбияи ҷисмонии кишвар муроҷиат намуда, барои бозии шоҳмот иҷоза ва ҳамчунин барои ташкили маҳфилу мусобиқаҳо кӯмаки молӣ хостаанд. Аммо намояндагони департаменте, ки ҳукумати Толибон таъсис додааст, маълум карданд, ки ин навъи варзиш бо фармони амир "ҳаром" эълон гардида, фаъолияти Федератсияи шоҳмоти Афғонистон комилан боздошта шудааст.