баннер
12 Apr 2025
22:51

    Дар Ӯзбекистон системаи баҳодиҳии оммавии молу мулк ҷорӣ карда мешавад

    Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти рақами №ФП-43 аз 5 марти соли 2025 «Дар бораи ҷорӣ намудани низоми арзёбии оммавии амволи ғайриманқул» қабул гардид.

    Тибқи Фармон, ҳадафҳои асосии ҷорӣ ва васеъ истифода бурдани усулҳо ва механизмҳои муосири муайян кардани арзиши амволи ғайриманқул, ки ба нархи бозорӣ наздик аст, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои афзоиши активҳои иқтисодии аҳолӣ ва соҳибкорон инҳо муайян шудаанд:

    ба сифати активи иқтисодӣ муқаррар шудани арзиши зиёда аз 8 миллион манзилҳо ва иншооти ғайриманқул, инчунин тақрибан 7 миллион қитъаҳои замин дар ҷумҳурӣ;

    таъмини арзиши мутадили амволи ғайриманқул, ки барои мақсадҳои андозбандӣ, хариду фурӯш, гаравгузорӣ, мусодира барои ниёзҳои ҷамъиятӣ ва ҳолатҳои дигар муайян карда мешавад;

    таъсиси пойгоҳи боэътимод, пурра ва навшавандаи маълумот оид ба бозори амволи ғайриманқул;

    густариши ҳарчи бештари принсипи адолат дар низоми андозбандӣ.

    Аз соли 2025 сар карда ҳамаи объектҳои амволи ғайриманқул ба таври даврӣ ба мақсади муайян кардани арзиши онҳо, ки ба нархи бозорӣ наздик мегардад, аз арзёбии оммавӣ гузаронда мешаванд.

    Арзёбии оммавӣ дар марҳилаҳои зерин амалӣ мегардад:

    Солҳои 2025-2026 – дар шаҳри Тошканд ҳамчун озмоиш;

    Солҳои 2026-2027 – дар шаҳри Нукус ва марказҳои вилоятҳо;

    Аз соли 2027 ва солҳои минбаъда – дар дигар минтақаҳо.

    Our Telegram
    Text to speech